Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ зарбулаҷали нахуствазир тамдид шуд


Нурӣ Ал Мроликӣ -нахуствазири Ироқ зарбулаҷали таслими аслиҳаро барои афроди мусаллаҳи зери фармони Муқтадо ал Садр-руҳонии шиъаи Ироқ даҳ рузи дигар тамдид кард. Нурӣ Ал Моликӣ гуфтааст, ононе, ки то 8-уми апрел аслиҳаи худро месупоранд, "подоши молӣ" хоҳанд гирифт. Бино ба гузоришҳо, аз оғози амалиёти зидди тундравони шиъа дар Басра беш аз 130 нафар, ба шумули афроди артиши Маҳдӣ, ки зери фармони Ал Садр аст, кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG