Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ва Аврупо Белорусро муттаҳам карданд


Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико аз Белолрус даъват карданд, ки фишор бар матбуъоти мустақилро хотима диҳад ва аз саркубии тазоҳуркунандагони мухолифон даст бардорад. Дар эъломияе, ки кишвари раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо, яъне Словениё мунташир сохтааст, рафтори хашинона бар зидди тазоҳуркунандагони 25- уми марти Минск-пойтахти Белорус маҳкум шудааст. Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин дархост кардааст, ки афроди дар ҷараёни ин тазоҳурот боздоштшуда раҳо шаванд. Қабл аз ин вазорати хориҷаи Амрико низ дар эъломияе аз мақомоти Белорус интиқод карда буд.
XS
SM
MD
LG