Пайвандҳои дастрасӣ

11 соли зиндон ба вазири дифоъи собиқ


Рузи ҷумъа додгоҳи Гурҷистон Ираклий Окруашвилӣ-собиқ вазири дифоъи ин кишварро дар ғиёбаш барои тамаъҷуӣ муттаҳам донист ва 11 сол маҳкум ба зиндон кард. Моҳи сентябри соли гузашта Окруашвилӣ президент Михоил Саакашвилиро ба ришвахорӣ муттаҳам кард ва пулиси Гурҷистон уро барои муддате ба зиндон андохт. Ҳабси вай боъиси оғози тазоҳуроти эътирозии Тифлис шуд. Вайро бо васиқа аз зиндон раҳо карданд, вале вай ба Аврупои Ғарбӣ фирор кард. Ҳоло Окруашвилӣ-собиқ вазири дифоъ дар Пориси Фаронса ба сар мебарад ва мунтазири ҳукми додгоҳ ва дархости истирдод аз Гурҷистон аст.
XS
SM
MD
LG