Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Орзуҳои пекинии варзишгарони тоҷик


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш», ки ба Олимпиадаи Пекин бахшида шудааст, тақдими шумо мегардад.

Бузургтарин рӯйдоди варзишии ин ҳафта оғози эстафетаи машъали олимпӣ мебошад. 24-уми март дар шаҳри Бостонии Олимпияи Юнон машъали Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин рӯшан шуд.

Дар ин маросими ботантана ҳазорҳо нафар ширкат варзиданд. Дар маъбади Ҳера ҳунарманди юнонӣ Мария Навплиоту машъалро фурӯзон карда, ба дасти таеквондочии юнонӣ Александрос Николайидис супурд. Машъали олимпӣ 20 кишвари 5 қораи дунё ё худ 137000 километрро дар тӯли 130 рӯз тай намуда, 8-уми август дар рӯзи ифтитоҳи расмии Олимпиадаи Пекин ба варзишгоҳи олимпии пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид хоҳад шуд. Дар эстафетаи машъали олимпӣ 22 ҳазор нафар аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин талош меварзанд. Ахиран боз як намояндаи Тоҷикистон - муштзани моҳир Шералӣ Достиев - дар охирин мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар шаҳри Остонаи Қазоқистон соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардид. Вай нахуст бар ҳарифонаш аз Ҳиндустон, Афғонистон ва Жопун пирӯз шуда, ба финал баромад. Ӯ дар сабқати ниҳоӣ дар вазни то 48 кг рақиби худ Пуревдорӣ Сердамбаи муғулро мағлуб сохта, мақоми аввалро касб кард. Шералӣ Достиев ба ғайр аз роҳхати олимпӣ бо ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон ва медали тилло сарфароз гардид.

Ба ғайр аз Шералӣ Достиев боз ду муштзани тоҷик – Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг – ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд.

Умуман, то имрӯз 10 варзишгари Тоҷикистон дар 6 навъи варзиш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд. Ба ғайр аз муштзанҳо, боз 7 нафари дигар - гурзандозҳо Дилшод Назаров ва Галина Митяева, паҳлавонон Расул Боқиев оид ба гуштии дзюдо ва Юсуф Абдусаломов дар навъи гуштии озод, шиноварон Алишер Чингизов ва Екатерина Измайлова, камонвар Албина Камолиддинова Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин намояндагӣ хоҳанд кард.

Муштзани маъруф Шералӣ Достиев барои дуввумин бор аст, ки шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ ҳимоя хоҳад кард. Ва сӯҳбати мо бо устоди шоистаи варзиш Шералӣ Достиев ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад. Вай мегӯяд, ният дорад, ки дар Олимпиадаи Пекин бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, соҳиби медал шавад.

Дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар баробари мусобиқоти гуштии миллӣ, бузкашӣ,

бандкашӣ, вазнабардорӣ, аспдавонӣ, пойгаи давандаҳо, камонварӣ, инчунин, дар манотиқи мухталифи кишвар сабқати дастхобонӣ ё армреслинг баргузор шуд. Солҳои ахир ба ин навъи бостонии варзиш дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад. Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо варзишгари маъруфи тоҷик Гуландом Халилова, ки орзуяш пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон мебошад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG