Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Амрико аз ҳамла ба матбуот дар Беларус


Вазорати хориҷаи Амрико саркӯбии матбуоти мустақил ва тазоҳургарон аз сӯи мақомоти Беларусро маҳкум кард. Сухангӯи ин вазорат Шон МакКормак гуфт, рӯйдодҳои ахир режими президенти Беларус Александр Лукашенкоро “як диктотурии бераҳму худкомае нишон медиҳад, ки ҳуқуқи инсон ва озодиҳои аслиро ба як гунаи хашин сарфи назар мекунад”.

Дар ҷараёни амалиёти мақомоти Беларус алайҳи хабарнигорон, ба гуфтаи МакКормак, 30 журналисти мустақил дар 12 минтақа “бидуни кадом далели қонунӣ” боздошт шудаанд.

Амалиёт хабарнигоронеро ба ҳадаф дошт, ки барои расонаҳои барои Беларус таъсисдодаи Иттиҳодияи Аврупо, Лаҳистон ва Амрико кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG