Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Ҳолланд филми Вилдерсро рад кард


Давлати Ҳолланд билофосила филми Вилдерсро рад кард. Сарвазири Ҳолланд Ян Петер Балкененде гуфт, давлати ӯ он тафсири исломро, ки дар филми Гирт Вилдерс омадааст, қабул надорад. Балкененде гуфт, ин филм исломро бо хушунат баробар кардааст, ва давлати ӯ чунин тафсири динро рад мекунад. Филми 15-дақиқаии узви ростгарои парлумони Ҳолланд Гирт Вилдерс дирӯз дар шабакаи ҷаҳонии интернет пайдо шуд. Дар ин филм аз ислом ба ҳайси "дини хушунат" шадидан мазаммат шудааст. Филми Гилдерс ҳанӯз то нашр шуданаш эътирозҳои шадидеро дар байни мусалмонон ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG