Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз рӯзи охири зарбулаҷали Моликист


Имрӯз, 28 март, замони зарбулаҷале, ки сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ барои шибҳанизомиёни дар шаҳри Басра сангаргирифтаи шиъа таъйин карда буд, поён меёбад.

Моликӣ таҳдид кардааст, ки агар Муқтадо Садр ва тарафдорони мусаллаҳаш аз Ҷайши Маҳдӣ силоҳҳои худро ба замин нагузоранд, алайҳи онҳо аз табодири боз ҳам сангинтар кор хоҳанд бурд.

Даргириҳо байни нирӯҳои давлати Ироқ ва шибҳанизомиёни Ҷайши Маҳдӣ дар Басра аз рӯзи сешанбе инҷониб идома доранд.

Дирӯз дар минтақаҳои умдатан шиъанишини Бағдод, аз ҷумла дар Садр, Козимия ва дар Шӯъла, ба нишони ҳимоят аз Муқтадо Садр ва ба нишони эътироз ба саркӯбии тарафдорони вай раҳпаймоиҳо доир шуд. Дар минтақаи Садр, ки дар он тақрибан 2 миллион мардуми шиъа ба сар мебарад, издиҳом истеъфои сарвазир Моликиро талаб мекард.

Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Ҷорҷ Буш иқдоми давлати Моликӣ алайҳи шибҳанизомиён дар Басраро дар амри рушди нирӯҳои амниятии Ироқ ва исботи ин ҳақиқат, ки давлати Ироқ тавони дифоъ аз худро дорад, чизи мусбат хонд: “Нирӯҳои амниятии Ироқ алайҳи шибҳанизомиён ва ҷинояткорон дар Басра вориди даргириҳои сангине шудаанд. Бисёри онҳо аз Эрон бо молу силоҳ таъмин ва тамрин шудаанд. Тасмими, бегуфтугӯ, ҷасуронаи сарвазир Моликӣ ҷиҳати рафтан алайҳи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ дар Басра тавони раҳбарӣ ва азми ӯ ба одилона ҷорӣ кардани тартиботро намоиш медиҳад.”

Муқтадо Садр хостори музокирот ба хотири поён додан ба задухӯрдҳо дар Басра шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар Бағдод аз соати 11 шаб то 5 субҳ қуюди шабгардӣ ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG