Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фитна" дар Интернет пайдо шуд


Узви ростгарои парлумони Ҳолланд Гирт Вилдерс дирӯз филми зиддиисломиаш бо номи “Фитна”-ро тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет нашр кард. Ин филм ҳанӯз то нашр шуданаш эътирозҳои густардаеро аз сӯи мусалмонон ба бор овард ва нашри он тавассути интернет нигарониҳоро дар бораи эҳтимоли бурузи мавҷи нави эътирозот бештар мекунад. Вилдерс гуфтааст, филми ӯ китоби “фашистӣ” будан ва мардумро ба хушунат таҳрик додани “Қуръон”-ро намоиш медиҳад. Давлати Ҳолланд расман аз ин филм фосила гирифта, изҳори ташвиш кардааст, ки нашри филми “Фитна” метавонад мардуми ин кишвар ва ҳам тиҷораташро дар хориҷ ба хатар рӯбарӯ кунад.

XS
SM
MD
LG