Пайвандҳои дастрасӣ

Қотилони Шӯрпоев ба Тоҷикистон фирор кардаанд


Расонаҳои хабарии Русия аз қавли мақомоти он кишвар дирӯз дар бораи ошкор шудани омилони қатли хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шӯрпоев хабар доданд.

Мақомот мегӯянд, акси қотилонро аз сабти камерае, ки дар даромадгоҳи биное, ки Илёс Шӯрпоев ба сар мебурд, ба даст овардаанд ва таҳқиқоти то ҳол анҷомшуда ҳокист, ки ду нафари гумонбар дар ин ҷиноят ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.

Илёс Шӯрпоев 21-уми март дар манзили зисташ дар Маскав кушта шуд. Баъди маргаш аз манзили ӯ тақрибан 1 миллион рубли русӣ, ки барои табобати модараш ва харидории манзили зист дар Маскав ҷамъ карда будааст, низ ғайб мезанад.

Гуфта мешавад, Маскав акнун таъқиб ва боздошти он ду нафари гумонбарро аз мақомоти Тоҷикистон тақозо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG