Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА хостори таҳқиқи қатли хабарнигорон шуд


Миклош Ҳарастӣ, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, гуфт, куштори ду хабарнигор аз Доғистони Русия дар як ҳафтаи охир ӯро таккон додааст. Миклош Ҳарастӣ дар баёнияаш хостори таҳқиқи фарогири ин ду куштор шуд.

Миклош Ҳарастӣ гуфт, таҳқиқот бояд дақиқ кунад, ки “ ин ду куштор бо ҳам ва ё бо фаъолияти хабарнигории онҳо дар Қафқози шимолӣ рабте доранд ё хайр.”

Мақомоти Русия мегӯянд, ин ду мавриди қатли хабарнигорон рабте бо якдигар надорад.

XS
SM
MD
LG