Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт алайҳи хабарнигорон дар Беларус


Иттиҳодияи мустақили хабарнигорони Беларус гуфт, хадамоти амниятӣ алайҳи дафтари кор ва манзили хабарнигороне, ки барои расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд, як амалиёт анҷом дода, чандин компутар ва камераро мусодира ва хабарнигоронро бозпурсӣ кардааст. Мақомот аз ҷумла хабарнигорони радиои 3 сол пеш барои Беларус таъсисдодаи Иттиҳодияи Аврупо ва як радиову як телевизиони низ бо забони беларусӣ таъсисшуда дар Лаҳистонро ҳадафи ин таъқиби ахир қарор додаанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Шон Мин иқдомро, ки дар ҷараёни он, ба гуфтаи МакКормак 30 журналисти мустақил дар 12 минтақа “бидуни кадом далели қонунӣ” боздошт шудаанд, ба боди шадиди интиқод кашид.

XS
SM
MD
LG