Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р. Лепаж: "Театр оташ аст!"


Саҳнае аз намоиши "Электра"-и Театри Мариинск дар Русия.
Саҳнае аз намоиши "Электра"-и Театри Мариинск дар Русия.

Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии театр ҳар сол дар 27-и март, дар Рӯзи ҷаҳонии театр ба яке аз саршинострарин намояндагони ин ҳунар ҳаққи паёмбарӣ медиҳад.

Ин бор ҳунарманди маъруфи канадаӣ, Роберт Лепаж бо истифода аз чунин ҳақ ва ин фурсат гуфт, аз фарзияҳои гуногуни пайдоиши театр ба ӯ ин ривоят писанд аст, ки дар замонҳои қадим чанд нафар шабе гирди гулхан нишаста буданд ва яке аз онхо ҳодисаеро ҳикоят мекарду дигарон диданд, ки сояи ӯ дар харсангҳои атроф ҷолиб ба назар мерасад.

Ин шахс низ шигифтии ҳамсӯҳбатонашро дида, бархост ва қиссаи худро бо ёрии сояи худ идома дод, ки гоҳ бузург мешуду гоҳ хурд ва гоҳе каси қавиро нишон медоду гоҳе заъиф, гоҳе фармондеҳ ва фармонбарро.

Лепаж бо ин ривоят театрро ба оташе ташбеҳ дод, ки ҳам андеша ва ҳам абзор аст. Сипас ӯ чароғу нурпардозони имрӯзаи театрро низ ба он гулхани ибтидоӣ монанд кард ва гуфт, нуру забони театр бояд фанновариҳои навро канор бигирад ва шаклҳои тоза пайдо кунад.

Айни ҳамин ақидаро ҳунарпешагони теaтри тоҷик низ дар миён гузоштаанд, вале афзудаанд, театри Тоҷикистон дар банди кӯҳнагароӣ ва муҳофизакорӣ вомондааст.

Табиас Бянконе, дабири кулли Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии театр марбут ба Юнеско дар Порис мегӯяд, барои чунин пешрафт, бояд аз маҳдудаҳои худ берун шуд ва ба оламми атроф нигарист ва табодули таҷруба кард. Вай ҳамкориҳои ин созмон ва Арманистонро хеле босамар меномад ва изҳори таассуф мекунад, ки бо Тоҷикистон пайванде надорад.

Ҷаноби Биянконе мегӯяд, агар дастандаркорони театр дар Тоҷикистон бо ӯ дар тамос шаванд, вай дар ташкили маркази миллӣ дар Душанбе ба онҳо кумак мекунад ва ҳамчунин дар омӯзишу рушди ҳунари театрии тоҷик ва таблиғи дастовардҳои он дар хориҷ низ.

Дар маҳдудаи шӯравии пешин низ ҳамкориҳои театрӣ дар 15 соли охир бо мушкил рӯбарӯ будааст. Сафари театрҳои тоҷик ба хориҷ ва театрҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон аҳёнан иттифоқ меафтад. Танҳо имсол поягузорони ҷашнвораи "Ниқоби заррин"-и Русия тасмим гирифтаанд, ки кишварҳои муштаракулманофеъро ба ҷашнвораи худ даъват кунанд.

Светлана Митина, масъули ҷашнвора дар Маскав умедвор аст, ки ҳунарпешагони тоҷик дар ин маҳфил ширкат хоҳанд кард. Хонуми Митина иқрор мекунад, ки пайвандҳо начандон рӯбароҳанд ва ин орзуи онҳост, ки муоширату муомилаи бештаре дар миён бошад ва бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ ё равобити гуногуни байни давлатҳо ин пайвандҳо тақвият ёфта, ба пешрафти ҳунари театрӣ кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG