Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудуди 30 роҳиби буддоии Тибет нақшаи мақомоти Чинро ба ҳам заданд ва бо ташкили намоише дар ҳузури хабарнигорони хориҷӣ эълом доштанд, ки Пекин озодиҳои мазҳабии тибетиҳоро поймол мекунад.

Онҳо ба кормандони нашрияву хабаргузориҳои ғарбӣ гуфтанд, ки ҳукумат роҳибон ва Далай Лама - раҳбари рӯҳонии Тибетро дар ташкили бенизомиҳо дар Лҳаса айбдор мекунанд ва аммо аз куштори одамон зимни саркӯбшавии намоишҳои эътирозӣ ҳарфе намегӯянд. Яке аз роҳибони тибетӣ ба хабарнигорон гуфтаст, ки

“онҳо ба мо эътимод надоранд. Ҳукумат мегӯяд, ки мо лату кӯб мекунем, хароб месозем, ғорат мекунем ва ба оташ мекашем. Мо ин корҳоро накардаем. Вале онҳо фақат моро айбдор мекунанд”.

Дирӯз, 26 март, мақомоти Чин барои нахустин бор баъд аз шурӯъи бенизомиҳо дар Тибет ба гурӯҳи хабарнигорони хориҷӣ иҷоза доданд, ки аз ин минтақа дидан кунанд. Ба ин васила, Пекин мехост намоиш диҳад, ки дар Лҳаса, маркази Тибет вазъ ба эътидол омадааст. Ҳадафи дигар - мутмаин сохтани расонаҳои ғарбӣ дар даст доштани Далай Лама дар нооромиҳои ахир буд, ки бар асари онҳо, ба иттилоъи ҳукумати фирориии Тибет, беш аз сад нафар ба ҳалокат расидаанд.

Намоишҳои эътирозӣ авоили моҳи март бо талаби истиқлоли Тибет ва таҳрими Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Чин ба нишони эътироз алайҳи таъқиби роҳибони буддоӣ шурӯъ шуданд.

Ва аммо айни ҳол ҷомеъаи ҷаҳонӣ сари он андеша дорад, ки ин Бозиҳоро таҳрим кунад ё на? Самдеҳонг Ринпоче, сарвазири ҳукумати фирории Тибет ахиран ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст, ки ба таҳрими ин Бозиҳо бовар надорад, “зеро ягон кишвар намехоҳад мавриди хашми Чин қарор гирад, мавриди хашми кишваре, ки ҳоло ба бузургтарин бозори тавлиди молу коло ва содироту воридот табдил шудааст”.

Дар ҳамин ҳол, Далай Лама, раҳбари рӯҳонии Тибет мақомоти Чинро дар робита ба баргузории Бозиҳои Олимпӣ ором сохт ва гуфт, ки Пекин ҳаққи баргузории ин Бозиҳоро дорад. Ҳамзамон ӯ ба мақомоти Чин пешниҳод кард, ки ба хотири аз байн бурдани бӯҳрон дар Тибет сари мизи музокирот нишинанд. Айни ҳол Николя Саркозӣ, раисҷумҳури Фаронса ягона раҳбари ҷаҳонист, ки аз имкони таҳрими Бозиҳои Олимпӣ дар Чин дар посух ба саркӯб шудани намоиши роҳибони Тибет ҳарф задааст. Ба думболи ӯ, муовини сарвазири Белгия Дидер Рейндерс низ ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфт, ки агар вазъ дар Тибет бештар ноором шавад, ӯ имкони таҳрими Бозиҳои олимпӣ дар Чинро баъид намедонад.

Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар сӯҳбати телефонӣ бо сарвари Чин, Ҳу Ҷин Тао ӯро барои музокирот бо Далай Лама даъват кард. Ҳамзамон Буш гуфт, ки сиёсатро набояд бо варзиш омехта кард ва афзуд, ки мехоҳад аз ин Бозиҳо ҳамчун тамошобини оддӣ ҳаловат бубарад.

Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ, ки барои ин Бозиҳо миллионҳо доллар ҷудо кардаанд, дар дуроҳаи андеша қарор гирифтаанд. Онҳо мехостанд аз ин сабқати варзишгарони ҷаҳон миллиардҳо доллар ба даст оваранд. Вале раҳбарони ширкатҳои Самсунг, Кока Кола ва Фолксваген аз он нигаронанд, ки нооромиҳои нав дар Тибет шояд барояшон паёмадҳои сангини иқтисодӣ ба бор оварад.

Ва фақат ҳазорҳо варзишгарон намехоҳанд, ки варзиш бо сиёсат омехта шавад, зеро Бозиҳои олимпии тобистона барои онҳо имкони хубест барои намоиши истеъдод ва зурӯ тавони худ.

XS
SM
MD
LG