Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Воқеъияти ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон


Аз ба имзо расидани санадҳои ҳамкории байни Тоҷикистону Русия чаҳор сол сипарӣ шуд. Вале дар ин муддат Тоҷикистон аз он чи бурд кардааст.

Шарики роҳбурдӣ ва ё стротежик будани ин ду кишвар пас аз ба имзо расидани маҷмӯъи санадҳои ҳамкории онҳо дар соли 2004 ба як ибораи саризабонӣ, ба хусус дар Тоҷикистон, табдил шуд. Ҳанӯз он замон таҳлилгарон ҳадс мезаданд, ки бо ин иқдом Русия мехоҳад эътимоди коҳишёфтаи худ дар Тоҷикистонро дубора ба даст орад.
Ва муҳимтарин санадҳои баимзорасидаи миёни Тоҷикистону Русия дар он замон таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, бахшидани қарзҳои 300 миллиондолларии Тоҷикистон дар назди Русия бар ивази моликияти ин кишвар сохтани дастгоҳи назорати кайҳонӣ дар Норак, сармоягузории 2 миллиарддолларии Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ва дар зимн бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бунёди корхонаи нави алюминиум ва таҷдиди корхонаи фаъъоли алминиуми тоҷик, ҳамчунин дар робита ба ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар Русия буд.
Аммо бо гузашти чаҳор сол аз ин тавофуқот чунин ба назар мерасад, ки аксаран манофеъи Русия аз он созишномашҳо бароварда шуд ва хостаҳои Тоҷикистон ҳамоно ҳалношуда боқӣ монд. Зеро бар асоси ин созишномаҳо Русия пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистонро бунёд кард ва аз Тоҷикистон бо пардохти рамзии 30 сент дар як сол замини ин пойгоҳро ба иҷора гирифт. Дастгоҳи маъруф ба «Окно»-ро бо бахшидани ҳудуди 250 миллион доллар қарзи Тоҷикистон ба моликияти худ табдил дод. Ба таъбири дигар, Русия ҷои пои худ дар минтақаро хеле муҳкам кард. Аммо бо вуҷуди ин Тоҷикистон аз маҷмӯъи созишномаҳояш бо Русия дар соли 2004 сармояи 2 миллиарддоллариро ба даст наовардааст, гузашта аз ин, ширкати «РусАл»-и Русия нерӯгоҳи барқи обии Роғунро сармоягузорӣ ва бунёд накард, ҳамчунин дар ваъдаи таҷдиди корхонаи алюминиуми тоҷик ва бунёди корхонаи алюминиуми дигар дар ҷануби кишвар бо ҳудуди 600 миллион доллар сармоягузорӣ таъхир кард, ва Тоҷикистон ҳам маҷбур шуд, ки ба сурати якҷониба созишнома бо ин ширкати русиро лағв кунад.
Бар тибқи тавофуқот ҳамчунин бояд муҳоҷирини кории тоҷик ҳуқуқи баробар ба шаҳрвандони Русияро ба даст меовард. Аммо иттилооти ҳамарӯзаи хабаргузориҳо ҳовии он аст, ки мазлумтарин шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия маҳз тоҷиконанд ва, ҳамакнун, бар тибқи иқдомоти ахири мақомоти Русия, камтарин квотаи муҳоҷирини корӣ дар ин кишварро низ Тоҷикистон дорад.
Ва бар изофа ахиран раиси ҷумҳури феълии Русия Владимир Путин ва президенти тозаинтихоби ин кишвар Дмитрий Медведев Тоҷикистонро бори дигар шарики стротежики кишвари худ хондаанд. Аммо суъоли матраҳ ҳам ин аст, ки сабаби ба ҳадаф нарасидани Тоҷикистон аз ин созишномаҳо чист ва оё Русия бори дигар бо ибораи шарики стротежик, ба истилоҳ, «домани Тоҷикистонро бо чаҳормағзи пӯч» пур карданӣ нест?
Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари масоъили сиёсӣ, Русия пас аз воқиъаҳои Андиҷон дар тасмимгириҳои худ дар Осиёи марказиро бештар ба Узбакистон қоил мешавад ва албатта Узбакистон ҳам дар ин маврид қабл аз ҳама манофеъи худро пеш мегузорад.
Ба гуфтаи Абдуғафори Камол, таҳлилгари масоили иҷтисодӣ, таъхири ҷониби Русия дар иҷрои санадҳои батасвибрасидаи ҳамкорӣ, ки бештар манфиъати Тоҷикистонро баён мекунанд, адами фазои рақобати кишвару ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст. Вале Оқои Камол ҳамзамон меафзояд, ки, агар Русия суханбозиҳои худ дар мавриди ҳамкори роҳбурдӣ бо Тоҷикистон буданро идома диҳад, билахира мақому ҷойгоҳи худ дар Тоҷикистонро ба осонӣ аз даст хоҳад дод, зеро мушкилоти дохилӣ ҳукумати Тоҷикистонро ба рӯи даст гирифтани иқдомҳои бештари ҳамкорӣ бо ҷаҳони беруна водор хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад муътақид аст, ки созишномаҳои анҷомнашуда як қартаи бознашудаи Русия барои бо худ нигаҳ доштани Тоҷикистон дар оянда аст. Оқои Бекмуҳаммад низ бар ин аст, ки мушкилоти афзояндаи бахшҳои мухталифи ҷомиъаи Тоҷикистон ҳукумати кишварро ба андешидани сареътарин иқдомҳои муҳимми ҳамкорӣ бо ҳамкорони мувофиқ маҷбур кардааст ва, агар ҳукумати нави Русия низ дар сар хаёли осон бо худ нигаҳ доштани Тоҷикистонро бипарварад, шояд «қартаҳои эҳтиётии Русия дар муқобили Тоҷикистон боз нашуда аз бозӣ хориҷ шавад».

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG