Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари мақомоти Қирғизистон ба ҳодиса


Идораи ҳукумати ноҳияи Ботканд
Идораи ҳукумати ноҳияи Ботканд

Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ вориди марзи Қирғизистон шудаанд.

Усен Пӯлотов, корманди дафтари матбуоти хадамоти марзбонии Қирғизистон, ба бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар ин маврид гуфт, ки 26-уми март тақрибан 150 шаҳрванди Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ҳукумати ноҳияи Исфара ва намояндагони ниҳодҳои қудратии ин кишвар вориди қаламрави Қирғизистон шудаанд ва онҳо иддаъо кардаанд, ки чаҳор рӯзи ахир киштзори манотиқи марзии ноҳияи Исфара объёрӣ нашудааст. Тоҷикистониҳо сарбанди обро тахриб карда ва маҷрои обро ба тарафи марзи кишварашон гардонданӣ шудаанд.
У. Пӯлотов ҳамчунин гуфт, сардори қисми марзбонии Ботканд ин хабарро шунида ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст ва сайъ намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз марзи кишвар берун кунад, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон ба амри вай итоъат накардаанд. Пас ин ӯ ба яке аз марзбонҳо амр кардааст, ки ҷараёни ҳодисаро ба навор бардорад.
Корманди дафтари матбуъоти хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ки чанд тан аз афроди марзшикан ба вай ва марзбонони дигари қирғиз, ки ҳамроҳиаш мекарданд, ҳамла оварда, хостаанд, ки дастгоҳи наворбардорро тасарруф намоянд.
Бино ба гуфтаи оқои Пӯлотов, он гоҳ афсари қирғиз таҳдид кардааст, ки, агар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зудӣ марзи кишварашро тарк накунанд, аз силоҳи оташфишон кор хоҳад гирифт. Фақат баъди ин таҳдид шаҳрвандони Тоҷикистон маҷбур шудаанд, ки то 500 метр ба ақиб баргарданд. Баъди ин ба ҷои ҳодиса раиси ҳукумати ноҳияи Ботканд ва чанд тан аз намояндагони дигари ҳукумати маҳаллӣ омада, бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Исфара вориди музокира шудаанд ва сипас ҷонибҳо ин қазияро аз роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл ва аз вуқӯъи ҳодисаи номатлуб ҷилавгирӣ кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир, ба таъйиди У. Пӯлотов, сокинони минтақаҳои марзии ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бидуни мониъа киштзори худро тавассути оби ин сарбанд обёрӣ мекунанд.
Ба таъкиди оқои Пӯлотов, дар ин шабу рӯз минтақаҳои бо ноҳияи Исфара ҳаммарзи вилояти Ботканди Қирғизистон таҳти назорати шадид гирифта шудааст, то ягон ҳодисаи ногувор рух надиҳад.
XS
SM
MD
LG