Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари суқути чархбол 12 украинӣ вафот карданд


Имрӯз дар натиҷаи суқути чархболи нерӯҳои марзбони Украина дар наздикиҳои як ҷазираи Баҳри Сиёҳ 12 кас ба ҳалокат расиданд. Иҳор Крол сухангӯи вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Украина мегӯяд, чархболи Ми-8 дар минтақаи камоби канори ҷазираи Полуденний бо 3 узви экипаж ва даҳ сарнишин сарнагун шуд.Гурӯҳи наҷот яке аз сарнишининони чархболро наҷот дода, ба шифохона интиқол дод.
XS
SM
MD
LG