Пайвандҳои дастрасӣ

КГБ-и Беларус хонаҳои рӯзноманигоронро тафтиш кард


Иттиҳодияи рӯзномагорони Беларус мегӯяд, ходимони амниятии ин кишвар хонаву идораҳои даҳҳо хабарнигори мустақилро кофтукоб намуданд. Зоҳиран онҳо маводи тавҳинкунандаи президенти Беларус Александр Лукашенкоро ҷустуҷӯ доштанд. Иттиҳодия мегӯяд, ходимони КГБ идораҳои ду радиои мустақил дар шаҳри Минск ва хонаҳои рӯзномагорон дар саросари Беларусро тафтиш карданд. Жанна Литвина раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Беларус иброз дошт, ки кофтукоб ҷавоби хадамоти амниятӣ ба гузоришҳо дар бораи гирдиҳамоии рӯзи сешанбеи мухолифини ҳукумат аст.
Мақомоти Беларус 20 иштирокчӣ ва аз ҷумла 2 рӯзноманигорро бо ҷурми ҳузур дар гирдиҳамоии бидуни иҷозат ба мӯҳлати то 15 рӯз аз озодӣ маҳрум карданд.
XS
SM
MD
LG