Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш ба дидори Путин меояд


Ҷорҷ Буш, президенти ИМА, изҳори умед кардааст, ки мухолифати Русияро дар робита ба бунёди сипари зидди мушакии Амрико дар Аврупо рафъ мекунад.

Ҷорҷ Буш эълон кард, ки ибтидои моҳи оянда баъди ширкат дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО дар Бухарест, пойтахти Руминиё, аз шаҳри Сочии Русия зиёрат намуда, бо президенти ин кишвар Владимир Путин равобити стратежии миёни ду кишвар, аз ҷумла лоиҳаи бунёди сипари зидди мушакӣ дар Аврупои Марказиро, баҳс хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол президент Буш умед дорад, ки ду раҳбар ба мувофиқа мерасанд.
Ин сафари раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбеи оянда аз боздиди Украина оғоз меёбад. Сипас 2 – 4-уми апрел Ҷорҷ Буш дар нишасти Бухарест ширкат варзида, ба Хорватия роҳӣмешавад.
Президент Буш ба хабарнигорон гуфт, ки Вашингтону Маскав дар масъалаҳои зиёди стротежӣ ба мувофиқат расидаанд. Аз ҷумла, ду кишвар бар ин боваранд, ки Эрон ба ғанигардонии урониум эҳтиёҷ надорад.
Дар ҳамин ҳол, ИМА хавф дорад, ки ҳадафи ниҳоиии барномаи ҳаставии Эрон тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ мебошад. Теҳрон ин иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳадаф аз барномаи ҳаставии Ҷумҳурии исломӣ фақат тавлиди нерӯи барқ аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Вашингтон мехоҳад дар Ҷумҳурии Чех радар ва дар Лаҳистон даҳ мушаки безараркунандаи мушакҳоро ҷой диҳад. Ин барнома Русияро ба ғазаб овардааст. Ба қавли Кремл ҳадаф аз сипари зидди мушакӣ Русия аст, на, тавре Вашингтон мегӯяд, Эрон. Владимир Путин онро таҳдид ба амнияти Русия унвон дода, гуфта буд, ки Русия пойгоҳҳои зиддимушакиро ҳадаф қарор медиҳад. Вале ба назар мерасад, ки ҳафтаи гузашта баъди зиёрати котиби давлатӣ хонум Кондолиза Райс ва вазири мудофиъаи ИМА Роберт Гейтс аз Маскав ихтилофи миёни Маскаву Вашингтон то ҳадде коҳиш ёфт.
Вале, ба қавли вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, Вашингтон кафолат додааст, ки сипари зидди мушакӣ бар муқобили Русия истифода намешавад.
XS
SM
MD
LG