Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳайъати ҳукуматӣ дар раъсаш Акрам Амонов, узви Шурои амнияти кишвар ба мақсади таҳқиқи ҳаводиси ноҳияи Роштқалъа, ки ба занозанӣ байни кормандони додситонӣ ва сокинони маҳал ва ба дунболи он таҷаммуъи теъдоде аз мардум, умдатан тоҷирон дар назди бинои мақомоти вилоятӣ гардид, ба маркази устони Бадахшон омадааст.

Расонаҳои хабарии маҳаллӣ то ба ҳол оид ба ҳадафи сафари ин комиссиюн иттилоъ нашр накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре маълум шуд, аъзои ин комиссиюн ба ноҳияи Роштқалъа сафар намуда, дар он ҷо ва дар Хоруғ бо бархе аз афрод, ки дар ин ҳодиса ширкат карданд, суҳбат анҷом додаанд.Толиб Айёмбеков- сардори як шуъбаи қисми марзбонӣ дар Хоруғ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки имруз аъзои комиссиюн бо вай ба ҳайси шоҳиди ҳодиса суҳбат намуда, вай ба онҳо бо тартиб додани санад силоҳеро, ки аз дасти кормандони додситонӣ гирифта шуда буд, супоридааст. Вай гуфт, таслими силоҳи автомати Калашников (АКМ рақами 911689 ) дар ҳузури муовини аввали додситони кул Додобоев А. ба вуқуъ пайвастааст.

Толиб Айёмбеков изҳор дошт, ки бо содир шудани бадрафторӣ аз ҷониби кормандони додситонӣ нисбат ба афроди маҳаллӣ дар ноҳияи Роштқалъа ва бурузи таниш байни онҳо вай қаблан ба афроди масъул дар раёсати умури дохила ва додситонии вилоятӣ муроҷиат кардааст. Муовини додситонӣ барои санҷиши асноди соҳибкорон фиристодани гуруҳро таъйид, аммо аз мавҷудияти силоҳ дар дасташон изҳори бехабарӣ кардааст.

Толиб Айёмбеков изҳор дошт, ба таври фаврӣ вокуниш нишон надодани мақомот ва муроҷиати такрории сокинон оид ба рафтори ғайриқонунии кормандони додситонӣ дар мавриди кушиши ришватситони ва таҳдид бо силоҳ ба онҳо вайро маҷбур сохтааст, бидуни силоҳ барои фаҳмидани вазъ озими ноҳия шавад ва бидуни зуроварӣ силоҳро аз кормандони додситонӣ кашида гирад.

Ин дар ҳолест, ки додситони вилоят Рашид Гулматшоев қаблан дар суҳбат бо хабарнигорон ба ришватситонӣ даст задани кормандони додситониро рад намуда, гуфт, ки онҳо дар доираи ваколат рафтор кардаанд. Вай изҳор дошт, нисбати ду нафар сокинони шаҳри Хоруғ - Толиб Айёмбеков ва Маҳкам Лашкаров, ки ба лату куби кормандони додситонӣ гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аммо Толиб Айёмбеков мегуяд, Роштқалъа ноҳияи осудатарини вилоят буда, мардуми он бештар аз ҳар минтақаи Бадахшон ба ҳаёти душвори иҷтимоӣ ру ба ру ҳастанд ва ҳангоми гузаронидани рейд дар он ҷо кормандони додситонӣ ба силоҳ эҳтиёҷ надоштанд.

XS
SM
MD
LG