Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоли силоҳи кӯҳна ба Афғонистон хотима меёбад


Рӯзномаи амрикоии "The New York Times" навиштааст, ки артиши ИМА шартнома бо як ширкати таъминкунандаи силоҳ ба Афғонистонро қатъ намуд. Ин ширкат аслиҳаву муҳимоти даҳҳо сол пеш дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин истеҳсолшударо ба ҳукумати Афғонистон содир мекард. Тибқи шартнома ширкати AEY Incorporated, ки қароргоҳаш дар аёлати Флорида буда, раҳбарии онро як шахси 22-сола бар дӯш дорад, мебоист ба маблағи тахминан 300 миллион доллар ба Афғонистон силоҳу муҳимот фиристад.
XS
SM
MD
LG