Пайвандҳои дастрасӣ

Маккейн равобит бо муттафиқонро беҳбуд мебахшад


Ҷон Маккейн довталаби эҳтимолии курсии раёсатҷумҳуии ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ мегӯяд, ИМА бояд бо кишварҳои дигар равобити зичтаре танзим намуда, ба ҳарфи муттафиқон гӯш диҳад.
Шарҳи Маккейн ҳамчун фосилагузорӣ бо мавқеи президенти ИМА Ҷорҷ Буш арзёбӣ шудааст. Маккейн мегӯяд:
" Нерӯи бузурги мо маънии онро надорад, ки ҳар хости мо бояд иҷро шавад. Мо набояд итминон дошта бошем, ки мо тамоми хиради зарурӣ барои татбиқи ҳадафҳоро дар ихтиёр дорем. Мо бояд гӯш кунему ба афкори дастаҷамъии муттафиқони демократиамон эҳтиром қоил бошем."
Маккейн даъват кард, ки маҳбаси афроди муттаҳам бо терроризм дар пойгоҳи Гуантанамои Куба баста шавад. Ба ақидаи Маккейн ИМА бояд дар мубориза бо гармшавии саросарӣ ва тағйири иқлим дар берун аз марзҳои ИМА низ саҳм гирад.
Довталаби эҳтимолии курсии президенти ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ бо ишора ба амалиёти эътилофи байналмилалӣ дар Ироқ таъкид кард, ки ИМА дар назди мардуми Ироқ ӯҳдадории ахлоқӣ дорад ва то эҳёи назму субот бояд дар ин кишвар бимонад. Соли 2003-ум шуморе аз муттафиқони аслии ИМА юриш ба Ироқро дастгирӣ накарданд.
Маккейн ҷонибдори сиёсати шадидтар дар муқобили Русия буда, пешниҳод кард, ки ин кишвар аз узвият дар гурӯҳи ҳашт кишвари саноатии олам маҳрум шавад.
XS
SM
MD
LG