Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Эрон ба корбурди "иқдомоти қонунӣ"


Эрон таҳдид кардааст, ба хотири ҷуброни хисороте, ки таҳримоти алайҳи ин кишвар эълон кардаи Шӯрои Амнияти СММ ба бор хоҳад овард, даст ба иқдомоти қонуние хоҳад зад.

Ин таҳдид дар номаи бистсаҳифаии вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ унвонии дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун омадааст. Нусхаи ин нома ба хабаргузориҳои ғарбӣ ироа шуд, вале дар он рӯшан нашудааст, ки Эрон аз кадом иқдомоти мушаххасе кор гирифтанист.

Ин нома таҳримоти рӯзи 3 март ҷорикардаи Шӯрои Амниятро муноқиз бо Ойинномаи СММ ва қавонини байналмилалӣ хонда, радд мекунад.

Эрон дар ин номааш мегӯяд, таҳримот мунҷар ба хисороти молие барои ин кишвар шуда, фаъолияти корхонаҳои ҳастаияшро дучори халал мекунад ва ба эътибори Эрон дар саҳнаи байналмилалӣ латма мезанад.

XS
SM
MD
LG