Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии садуми Бекҳем дар ҳайъати тими Инглистон


Футболбози маъруфи инглис Дейвид Бекҳем дирӯз барои бори садум дар либоси тими миллии Инглистон ба майдон баромад. Бекҳем, ки феълан дар тими “Лос Анҷелес Галакси”-и Амрико бозӣ мекунад, дар таърихи футболи Инглистон панҷумин футболбоз аст, ки дар тими миллӣ беш аз 100 бор бозӣ кардааст.

Бекҳем дар пайи нокомии тими Инглистон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2006 аз ҳайъати ин тим хориҷ карда шуд ва инак, мураббии нави итолиёии тими Инглистон Фабио Капелло ӯро дубора ба ҳайъати тими миллӣ даъват кард.

Аммо бо вуҷуди ҳузури Дейвид Бекҳем дар майдон, тими Инглистон дирӯз бозии дӯстонаашро ба тими миллии Фаронса бо ҳисоби 0: 1 бохт.

XS
SM
MD
LG