Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муқтадо Садр хостори музокирот шуд


Дар пайи задухӯрдҳо байни нирӯҳои Ироқ ва шибҳанизомиёни содиқ ба раҳбари шиъаҳои тундрави ироқӣ Муқтадо Садр дар Басра ва манотиқи дигари умдатан шиъанишин Муқтадо Садр хостори музокирот бо давлати Ироқ шуд. Муқтадо Садр аз сарвазир Нурӣ Ал-Моликӣ даъват кард, тарки Басра кунад. Моликӣ дар Басра бар ҷараёни амалиёти саркӯбии шибҳанизомиёни Ҷайши Маҳдӣ, ки ба Муқтадо Садр марбутанд, шахсан назорат мебарад.

Сарвазири Ироқ ба шибҳанизомиёни шиъа 72 соат фурсат додааст, то ки силоҳҳои худро ба замин бигузоранд.

Мақомоти ироқӣ мегӯянд, то кунун дар задухӯрдҳо дар Басра дасти кам 40 нафар кушта ва тақрибан 200 кас захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG