Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Буш аз дидори зудрас бо Путин дар Сочи


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, дар авоили моҳи апрел бо ҳамтои русаш Владимир Путин барномаи истиқрори сипарҳои зиддимушакии Амрико дар Ҷумҳурии чех ва дар Лаҳистонро баҳс хоҳад кард.

Путин Бушро ба қароргоҳи худ дар Сочи даъват кардааст.

Дидори Ҷорҷ Буш аз Русия ба дунболи сафари ӯ ба Украина, ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви паймони низомии НАТО, ки аз 2 то 4 апрел дар Бухарест доир мешавад, ва боздидаш аз Хорватия сурат хоҳад гирифт.

Ҷорҷ Буш гуфт, вай хушбин ҳаст, ки вақте барои Маскав рӯшан шавад, ки ин сипарҳои зиддимушакӣ мустақиман бар зидди Русия нест, дар ин масъала тавофуқ ба даст хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG