Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи Алӣ Бекназаров дар боздоштгоҳ


Алӣ Бекназаров, мулаққаб ба "Алии Понт", ки бо иттиҳоми даст доштан дар қатли муовини собиқи додситони кулли Тоҷикистон Толиб Бобоев боздошт шуда буд, дар боздоштгоҳи Истаравшан ба таври мармуз даргузаштааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҷанозаи ӯро рӯзи 25 март ба пайвандонаш супурдаанд ва ҷанозаи Алӣ Бекназаровро барои гӯру чӯб алакай тавассути ҳавопаймо ба Душанбе бурдаанд.

Бо ин ҳол, мақомот то кунун сабаби фавти Алӣ Бекназаров дар боздоштгоҳро ташреҳ намекунанд.

XS
SM
MD
LG