Пайвандҳои дастрасӣ

Ричард Видмарк дар синни 93 даргузашт


Ҳунарпешаи маъруфи синамои Амрико Ричард Видмарк дар синни 93 аз ҷаҳон чашм пӯшид.

Видмарк ҳанӯз дар соли 1947 барои иҷрои нақши як нафари мубтало ба бемории равонӣ дар филми “Бӯсаи марг” ҷоизаи Оскарро ба даст оварда буд.

Ричард Видмарк, ки тайи собиқаи тӯлонии ҳунарнамоӣ нақшҳои зиёди мусбату манфӣ офарида, бештар дар нақши ковбой бозӣ мекард, дар манзили худ дар Роксбури, дар аёлати Коннектикут даргузаштааст.

XS
SM
MD
LG