Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Тифлис ба раҳбарони НАТО


Вазири хориҷаи Гурҷистон гуфт, агар раҳбарони НАТО таҳти фишори Русия монеъи ҷалби Гурҷистону Украина ба ҳамкории наздиктар бо ин паймони низомӣ шаванд, ин мояи афзоиши танишҳои минтақавӣ хоҳад шуд.

Давид Бакрадзе, ки аз қароргоҳи НАТО дар Бруксел боздид мекард, аз раҳбарони ин паймон даъват кард, сиёсати худ бо Русияро “ба наҳви усулӣ пеш бубаранд, на ба шеваи дилҷӯӣ”.

Гурҷистону Украина хостори пайвастан ба барномаи узвияти паймони НАТО шудаанд. Ин барнома гоми аввал дар роҳи пайвастан ба узвияти ин паймони низомист.

Русия шадидан ба ин азми Киеву Тифлис мухолиф аст. Кишварҳои узви НАТО низ дар мавриди пазироии Гурҷистону Украина ихтилофи назар доштаанд.

XS
SM
MD
LG