Пайвандҳои дастрасӣ

Минск даҳҳо эътирозгарро ба додгоҳ кашонид


Додгоҳҳои Беларус ба муҳокимаи даҳҳо тан аз тазоҳургарони рӯзи сешанбе боздоштшуда оғоз кардаанд.

Вазорати дохилаи Беларус мегӯяд, 70 тан аз боздоштшудагон ба вайрон кардани тартибот муттаҳам мешаванд ва додгоҳ метавонад ононро ё ҷарима бубандад ва ё барои чанд рӯз равонаи зиндон кунад.

Нирӯҳои милиса рӯзи сешанбе тазоҳурот дар шаҳри Минск, пойтахти Беларусро бо истифода аз зӯр ва латукӯб пароканда карданд ва даҳҳо нафар аз эътирозгарон боздошт шуданд.

Иттиҳодияи Аврупо дар бораи истифодаи пулис аз зӯру калтак алайҳи тазоҳургарон изҳори ташвиш кардааст. Кумиссари равобити берунаи ИА Бенита Ферреро –Волднер ҳамчунин ба раҳоии билофосила ва бидуни қайду шарти ҳамаи боздоштшудагон даъват кард.

XS
SM
MD
LG