Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш низ ба музокирот бо тибетиҳо даъват кардааст


Дируз раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао дар бораи саркӯбии тазоҳургарон дар Тибет изҳори нигаронӣ кардааст.

Ҷорҷ Буш аз Ҳу Ҷинтао даъват кард бо намояндагони раҳбари руҳонии Тибет Далай Лама, ки дар хиҷрат дар Ҳиндустон ба сар мебарад, муколамаи воқеъӣ барпо карда ва ҳам ба хабарнигорон ва дипломатҳо иҷозат бидиҳад, ки аз минтақа боздид кунанд.

Хабаргузории давлатии Чин Синхуа иттилоъ дод, ки раҳбари Чин ба ҳамтои амрикоиаш гуфтааст, эътирозҳои Тибетро намешавад на раҳпаймоии сулҳомез ва на фаъолияти орӣ аз хушунат арзёбӣ кард. Ҳу Ҷинтао афзудааст ки ҳар як ҳукумати масъул алайҳи чунин хушунатҳои ҷинои ҳатман чораҳои лозим меандешад

Ҳукумати дар ғурбат қарор доштаи Тибет шумораи афроди кушташуда дар ҷараёни фурӯ нишондани эътирозҳои ахир дар Тибетро 140 нафар ҳисоб кардааст, вале мақомоти Чин ҳалокати ҳамагӣ 20 нафар, аз ҷумла 19 нафар дар Лҳаса, пойтахти Тибетро эътироф мекунад.

XS
SM
MD
LG