Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати маорифи Тоҷикистон бо судури як фармон чопи нашрияҳои кӯдаконаро мутаваққиф кардааст.

Ҳамакнун нашрияҳои кӯдаконаи чопи Душанбе – «Анбоз», «Истиқбол», «Чашма», «Офтобак» ва «Зангӯла», ки қаблан мунтазам интишор мешуданд, наздики се моҳ боз ба табъ намерасанд.
Масъулони нашрияҳои кӯдакона мегӯянд, ки фармони вазири маорифи Тоҷикистон барои онҳо паҳн намудани рӯзномаву маҷалаҳои кӯдаконаро байни хонандагони макотиби кишвар манъ кардааст.
Абдулвоҳиди Зевар, муҳаррири маҷаллаи кӯдаконаи «Чашма», мегӯяд, имкони нашри ин маҷалларо доранд, вале барои паҳн кардани шумораҳои он дар макотиб иҷоза намедиҳанд. Мудирони макотиб исрор мекунанд, ки тибқи як фармони вазири маорифи Тоҷикистон иҷозаи паҳн намудани рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо барои мактабиён дода намешавад. Ба қавли ин муҳаррир, барои ҳалли ин мушкил ба раисҷумҳур нома навиштаанд, вале арзи онҳо то кунун бенатиҷа мондааст. Оқои Зевар мегӯяд, ғаразҳои шахсии бархе мансабдорон ин мушкилро бар сари нашрияҳои кӯдакона овардааст: «Мушкилоти аслӣ дар он аст, ки рӯзномаҳои кӯдакона тобеъи вазорати фарҳанг ҳастанду макотиб – таҳти назорати вазорати маориф. Ва ин ду вазорат наметавонанд бо ҳам мувофиқа кунанд. Ман фикр мекунам, ки, аслан, ин фармоне буд иборат аз ғаразҳои шахсии онҳое, ки намехостанд ғизои маънавии кӯдакон ба дасташон бирасад».
Халифабобо Ҷумъазода, сардабири ҳафтаномаи кӯдаконаи Анбоз, мегӯяд, нашрияҳои кӯдакона ҳамчун воситаи тарбияи кӯдакон ҷиҳати маърифатнок намудани кӯдакон заҳмат мекашиданд ва акнун фармони вазири маорифи Тоҷикистон кӯдаконро аз ин воситаи бомаърифатшавӣ маҳрум кардааст.
Оқои Ҷумъазода афзуд, қимати нашрияву маҷалаҳо аз 50 дирам боло набуд ва ин наметавонист барои вазорати маориф баҳона шавад, ки аз паҳншавии нашрияҳо дар макотиб ҷилавгирӣ кунад.
Тибқи омори расмӣ, нашрияҳои кӯдаконаи ин кишвар моҳе куллан ҳудуди 35 000 нусха ба чоп мерасиданд. Ин нашрияхо бо забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ рангоранг ба табъ мерасиданд.
XS
SM
MD
LG