Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишварҳои амн ва бесуботтарини ҷаҳон аз назари "Jane's Information Group": Ватикан - дар зинаи аввал Навори Ғаза - дар охир, Тоҷикистон - дар байн.

“Гурӯҳи Иттилоъотии Ҷейн” (Jane's Information Group) ба амнияти кишварҳои ҷаҳон бар асоси чанд меъёр аз ҷумла сохтори сиёсӣ, тамоюлҳои сиёсиву иқтисодӣ, низомӣ, таҳдидоти амниятӣ ва равобити хориҷӣ баҳо додааст. Кристиан Лемйер - яке аз муаллифони асосии гузориш ҷанбаҳои осебпазири амнияти Тоҷикистонро чунин баршумурд: “Дар робита ба Тоҷикистон чанд омиле вуҷуд дорад, ки ба амнияти кишвар таъсир мегузорад. Аз ҷумла тақвияти ҳукумати марказӣ ва қудрати он барои таҳмили иродаи худ ба мардум ва ҳузури гурӯҳҳои саркаш, густариши аслиҳаи сабук дар саросари кишвар“.

Омилҳои иқтисодӣ, аз ҷумла иқтисоди қавӣ яке аз пояҳои аслии суботу амнияти кишварҳост, вале Тоҷикистон ҳоло сабабе барои ифтихор аз иқтисоди ақибмонда ва дар панҷаи бӯҳронаш надорад. Рушди кунди иқтисод, барҷой мондани якказироатӣ, сармоягузории кам, монеъаҳо дар роҳи соҳибкорӣ аз омилҳоеанд, ки суботи кишварро осебпазир мекунанд.

Анна Матвеева - таҳлилгари муқими шаҳри Ландан ва муаллифи таҳқиқоти гуногун дар бораи Тоҷикистон ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, омилҳои иқтисодии бесуботкунандаи вазъ дар кишвар зимистони имсол барҷастатар аён шуданд: "Қимати аксари маводи асосии ғизоӣ боло рафт ва ин мушкили асосии мардум аст. Гузашта аз ин мардум зимистони ниҳоят сахтеро пушти сар карданд, кӯдакон ҳалок шуданд, мардуми зиёде ранҷ кашиданд. Мардум дар ғами он буданд, ки чӣ гуна ин зимистонро пушти сар мекунанд. Онҳо диданд, ки ҳукумат даступо хӯрда ва натавонист мушкилашонро ҳал намояд. Ҳамингуна мушкилоти барҷастае ҳаст, ки мардум ба онҳо рӯ ба рӯ шуданд ва ин мушкилот махсусан дар фасли зимистон барояшон сахт буд “.

Бар изофаи омилҳои дохилии иқтисодиву сиёсии таъсиргузор ба амнияту суботи Тоҷикистон, таври маълум омилҳои хориҷӣ низ ҳаст, ки вазъи кишвар ба он вобаста мебошад. Кристиан Лемйер аз “Гурӯҳи Иттилоъотии Ҷейн” гуфт, сиёсати абарқудратҳои ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ то андозае ҳадди амнияту ва суботи Тоҷикистонро таъйин мекунанд: “Дар робита ба Тоҷикистон асосан муносиботаш бо ҳамсояҳо, бахусус бо Русия дар ченаки амнияташ бисёр муҳим аст. Ҳамчунин нуфузи Чин ва Амрико дар Осиёи Марказӣ аз масоили ниҳоят муҳиме хоҳад буд, ки ба амнияту суботи Тоҷикистон дар чанд соли оянда таъсир мегузорад“.

Чизи ҳайратовар дар раддабандии Jane's Information Group ин мебошад, ки Тоҷикистон аз назари суботу амният бо 55 хол аз се кишвари Осиёи Марказӣ болотар ҷойгир гирифтааст, ки зоҳиран ҳамчун баҳонаи хубе барои ифтихор дар ҳукумати Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Муаллифони раддабандӣ Тоҷикистонро болотар аз Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон ҷой додаанд, ки ин кишварҳо мутаносибан 54, 53 ва 52 хол гирифтаанд. Қазоқистон 64 яъне даҳ имтиёз аз Тоҷикистон бештар дорад.

Аз таҳлилгари умури Тоҷикистон Анна Матвеева пурсидам, ки ӯ воқеан бо раддабандии мазкур мувофиқ аст, ки чунин маъниро медиҳад, яъне суботу амнияти Тоҷикистон назар ба суботу амнияти Ӯзбакистону, Қирғизистону Туркманистон камтар осебпазир мебошад: “Ба андешаи ман ин кишварҳо аз ҳам бисёр фарқ мекунанд ва мушкилоташон низ гуногун аст. Дар Тоҷикистон мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии доғе ва ҳаётӣ барои мардум вуҷуд дорад, ки ин гуна мушкилот масалан дар Туркманистон нест, зеро ҳукумат барои таъмини иқтисодии мардум манобеъи зиёд дар ихтиёр дорад. Ва чун дар мардуми Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардаанд, дар инҷо омилҳои боздорандае вуҷуд дорад. Яъне мардум ба ҳадде аз хушунату зӯроварӣ метарсанд, чун медонанд, ки он то ба куҷо мебарад. Чунин омилҳои боздоранда масалан дар Ӯзбакистон камтар аст, зеро ҷомеа садамаҳои азимеро шоҳид нашудааст. Аз ин нуқтаи назар ба андешаи ман фарқи ин кишварҳо зиёд аст“.

"Гурӯҳи Иттилоъотии Ҷейн", ки сад соли собиқаи корӣ дорад ва то кунун барои мизоҷонаш иттилооту арзёбиҳо таҳия мекард, бори аввал аст, ки арзёбии худ доир ба кишварҳои амну бесуботи ҷаҳон ва осебпазири онҳоро нашр мекунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG