Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди хабарнигорон аз Тибет


Мақомоти Чин барои нахустин бор баъд аз шурӯъи нооромиҳо дар Тибет ба гурӯҳи хабарнигорони хориҷӣ иҷоза доданд, ки аз ин минтақа дидан кунанд. Ва аммо дар ин сафар хабарнигоронро намояндагони ҳукумат раҳбаладӣ мекунанд. Расонаҳои хабарии Чин қаблан журналистони ғарбиро барои инъикоси, ба гуфтаи онҳо, “ғайривоқеи”-и ҳаводиси Тибет танқид мекарданд.

Далай Лама, раҳбари рӯҳонии Тибет дар вокуниш ба иттилоъ дар бораи сафари хабарнигорони хориҷӣ ба Тибет гуфт: "Ин хело хуб аст. Ва аммо ман умедворам, ки боздиди онҳо аз Тибет озодона сурат мегирад. Фақат дар ҳамин ҳол метавон дар бораи вазъ тасаввурот ҳосил кард".

Вазъ дар Тибет авоили ҳамин моҳ, баъди шурӯъи тазоҳурот бо талаби истиқлоли ин минтақа ва таҳрими Бозиҳои олимпӣ дар Чин ноором шуд. Бар асари задухурди эътирозгарон бо пулис, ба иттилоъи ҳукумати фирории Тибет, беш аз сад нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG