Пайвандҳои дастрасӣ

Алӣ Бекназаров, ки бо иттиҳоми куштори собиқ муовини додситони кулли Тоҷикистон – Толиб Бобоев маҳбус буд, фавтидааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ҷасади Алӣ Бекназаров мулаққаб ба «Алӣ Понт», дар рӯзи 25 – уми март аз ҷониби пайвандонаш барои гӯронидан аз Хуҷанд бо роҳи ҳавоӣ ба Душанбе интиқол дода шудааст. Вай дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Истаравшан маҳбус буд.

Мақомоти масъул то ҳол марги Алӣ Бекназаров ва сабабшро расман баён надоштаанд. Дар рӯзи 26-уми март навбатдори муассисаи корҳои ислоҳотии вилояти Суғд дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин бора танҳо сардори идорааш ҳаққи суҳбат бо хабарнигоронро дорад, вале чун рӯзи таътил аст, сардор ва муовинаш дар коргоҳ ҳузур надоранд.

Алӣ Бекназаров, корманди пешини идораи гумруки вилояти Суғд, дар пайи амалиёти бозҷӯӣ бо занни куштори собиқ муовини додситони кулл дар моҳи декабри соли 2007 аз Русия ба Тоҷикистон бозоварда шуда буд.

Раҷабалӣ Маҳмадалиев - сардори раёсати зидди ҷиноятҳои муташаккили вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфта буд, ки куштори Толиб Бобоев бо фармоиши сарвари корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низом Ҷӯраев ва раҳбарии Алӣ Бекназаров, собиқ корманди идораи гумруки вилояти Суғд, ҷинояти мазкурро Одилов Дониёр ва Алӣ Бекназаров содир кардаанд. Низом Ҷӯраев, собиқ вакили маҷлиси вилояти Суғд ва сарвари корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара, гӯиё ба қотилони Толиб Бобоев як автомобили сабукрави ВАЗ, 5 000 доллари ИМА ва як силоҳи худкори Калашников додааст.

Муовини собиқи додситонии кулл Толиб Бобоев дар соли 1999 бо силсилаи тир аз сӯи афроди ниқобпӯш дар назди манзилаш, дар шаҳри Чкалови устони Суғд кушта шуда буд. Гумонбари аслӣ ба ин куштори пуровоза Низом Ҷӯраев дар пайи боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ аз Тоҷикистон фирор кардааст.

XS
SM
MD
LG