Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

25-уми март ҳазорон ҷонибдорони мухолифони давлат дар тазоҳуроти эътирозӣ дар хиёбони марказии Минск ширкат карданд.

Нерӯҳои пулис хиёбонро муҳосира карда буданд. Бино ба хабарҳои расмӣ пулиси зидди тазоҳурот 80 нафарро боздошт кардааст. Вале намояндагони мухолифон шумораи афроди боздоштшударо беш аз сад нафар медонанд. Дар як гуфтугӯ аз Сергей Шупа, корманди бахши Беларуси родиюи Аврупои Озод, пурсидем, ки ҳадафи тазоҳуркунандагон чи буд?

– Ҳадафи аслӣ ин буд, ки ҳар сол 25-уми март мухолифони давлати Беларус раҳпаймоӣ анҷом дода, рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Мардумии Беларусро баргузор мекунанд. Соли 1918 ампиротурии Русия фурӯ пошид ва аз пораҳои он Ҷумҳурии Мардумии Беларус ташкил ёфт. Вале вақте, ки моҳи декабри соли 1918 болшевикҳо ба Беларус омаданд, давлати мардумиро саркӯб карданд. Ин давлат ба хориҷ фирор кард ва то ҳол дар ғурбат ба сар мебарад. Ин давлати табъидӣ ҳатто салоҳиятҳои худро ба ҷумҳурии мустақили имрӯзи Беларус надод.
– Бино ба хабарҳо даҳҳо нафар дар ин раҳпаймоӣ боздошт шудаанд. Сабабҳои боздошти онҳо чи будааст?
– Мисли ин ки мақомот раҳпаймоиро иҷоза додаанд, вале на аз роҳҳое, ки мухолифон дархост додаанд. Роҳҳое, ки иҷоза додаанд, аз маркази шаҳр дур будааст ва мухолифон онро дар рӯзи ҷашни миллӣ барои худ таҳқир ҳисобиданд. Барои ҳамин онҳо хостаанд дар хиёбони марказӣ раҳпаймоӣ анҷом диҳанд. Дар хиёбони марказӣ онҳоро нерӯҳои пулис интизор будаанд ва онҳоро ба он ҷо роҳ надодаанд. Шаллоқ задани раҳпаймоён дар даромад ба хиёбони марказӣ шурӯъ шудааст ва барои мухолифат бо пулис, саркашӣ аз фармон ва ширкат дар раҳпаймоие, ки аз хатти сайри мамнӯъ анҷом гирифтааст, 80 нафар боздошт шудаанд. Субҳи имрӯз мурофиъаи додгоҳи онҳо шурӯъ шуд, ҳамаи онҳо барои муддати кутоҳ, яъне се, панҷ ё даҳ-понздаҳ рӯз ҳабс хоҳанд шуд.
– Оё аз ҷониби Ғарб ё кишварҳои аврупоӣ ба чунин бархӯрди мақомоти Беларус вокунише ба амал омадааст?
– Муттаасифона, бархӯрди хашинонаи давлат бори аввал нест. Ғарб борҳо ба он вокуниш нишон додааст ва хостааст, ки мақомот бо шаҳрвандони худ муносибати хуб нишон диҳанд. Ин дафъа вокуниши расмӣ нест, вале хабаргузориҳо хабар додаанд, ки раҳпаймоӣ бераҳмона пароканда карда шуд. Шояд дар соъатҳои наздик Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар ин бора назари худро пахш кунанд.
– Дар гузашта мақомоти Беларус маъмулан Ғарбро муттаҳам мекарданд, ки гӯиё онҳо чунин тазоҳурот ё раҳпаймоиҳоро таҳрик мекунанд, Ин дафъа онҳо чи мегӯянд?

– Як нуктаи ҷолиб ин аст, ки вақтҳои ахир мақомоти Беларус гӯиё падидаҳои озодиро мехоҳанд намоиш диҳанд. Дар гузашта мегуфтанд, ки онҳо пойбанди Русия ҳастанд ва аз ҷаҳони дигар дар инзиво қарор доранд. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки мехоҳанд дар муносиботи худ бо Ғарб нармиш нишон диҳанд. Ба ҳамин сабаб каме ҳусни ният нишон доданд.

XS
SM
MD
LG