Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Минск наздики 80 эътирозгар боздошт шудаанд


Вазири умури дохилаи Беларус Владимир Наумов гуфт, дирӯз наздики 80 нафар бо иттиҳоми ширкат дар раҳпаймоии мухолифин дар Минск боздошт шудаанд. Наумов гуфт, ин афрод ба далели “муқовимати фаъолона” ба мақомоти интизомӣ дастгир шудаанд. Нирӯҳои милиса ин раҳпаймоиро, ки ба муносибати солгарди 90-уми таъсиси Ҷумҳурии Демократии Беларус ташкил шуда буд, пароканда карданд.

Тарафдорони мухолифин дар ҳамин ҳол, шумори боздоштшудагонро 100 ва ҳатто бештар ҳисоб мекунанд.

Ҷумҳурии Демократии Беларус соли 1918 таъсис ёфта, баъди ҳамагӣ 3 моҳи вуҷудаш аз сӯи болшевикон барҳам дода шуд.

XS
SM
MD
LG