Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси номи Мақдуния бо Юнон амиқтар мешавад


Мақдуния гуфтааст, ки агар Юнон дар нишасти паймони низомии НАТО дар Бухарест монеъи ҳаракати Мақдуния ба сӯи узвият дар ин паймон шавад, музокироташ бо Афин бар сари исми худро қатъ мекунад. Сарвазири Мақдуния Никола Груевски гуфт, ветои Юнон умедвории бузурги мардумро замин карда, дар дарозмуддат равобити байни ду кишварро низ бо пайомадҳои манфӣ рӯбарӯ хоҳад кард.

Мақдуния ҳамноми вилояте дар шимоли Юнон аст ва Юнон мегӯяд, ин кишвар таҳти ин исм танҳо дар соли 1993 ва ҳамчун кишвари Югославияи собиқ ба узвияти СММ пайвастааст.

XS
SM
MD
LG