Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолони мухолифин дар Минск


Дирӯз дар шаҳри Минск, дар ҷараёни намоиши бахшида ба солгарди 90-уми таъсиси Ҷумҳурии Демократии Беларус, нирӯҳои милиса даҳҳо тан аз фаъолони мухолифинро боздошт карданд. Дар ин раҳпаймоӣ дасти кам 2 000 нафар ширкат доштаанд.

Ҷумҳурии Демократии Беларус дар соли 1918 таъсис ёфта, баъди андак вақт аз сӯи нирӯҳои Артиши Сурх барҳам дода шуд.

Нирӯҳои милиса тазоҳургаронро таъқибу латӯкӯб ва боздошт мекарданд. Бино бар гузориши бахши беларусии Радиои Озодӣ Змитсер Дашкевич ва Артур Финкевич, ду тан аз фаъолони ҷавон, ки ҳамагӣ моҳе пеш аз маҳбас раҳо ёфта буданд, низ латукӯб ва боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG