Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Мисрро кӣ хоҳад сохт?


Бар асоси қарордоди байни Русия ва Миср имзошуда, Маскав ҳаққи ширкат ва мубориза дар озмуни нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Мисрро ба даст овард. Раҳбарони мақомоти энержии ҳастаии ду кишвар Сергей Кириенко ва Ҳасан Юнус ин қарордодро дар ҳошияи дидор ва мулоқоти руъасои ин ду ҷумҳурӣ Владимир Путин ва Ҳуснӣ Муборак имзо карданд.

Ҳазинаи эҳдоси нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Миср чизе дар ҳудуди аз 1,5 то 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG