Пайвандҳои дастрасӣ

ТВ форсизабонҳо дар Душанбе ташкил хоҳад шуд


Таъсиси шабакаи муштараки телевизонӣ ва таҷлили бошукӯҳи солгарди 1150-уми Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар кишварҳои форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон аз муҳимтарин нукоти санади ёддошти тафоҳум аст, ки дирӯз аз сӯи вузарои хориҷаи ин 3 кишвар дар Душанбе ба имзо расид.

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, тавофуқоти ҳосилшуда ҷиҳати бунёди роҳи оҳан ва мошингард, эҳдоси хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва истифодаи муассир аз манобеъи энержиро низ аз дастовардҳои иҷлоси Душанбе унвон кард. Оқои Зарифӣ гуфт, тавофуқ шуд, ки қароргоҳи телевизиони муштараки се кишвари ҳамзабон дар Душанбе ташкил шавад.

XS
SM
MD
LG