Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 % Афғонистон аз оби пок маҳруманд


Ҳукумати Афғонистон гуфт, ки тақрибан 70 дар сади ҷамъияти ин кишвар ба оби поки амн дастрасӣ надоранд. Муовини вазири энерживу оби Афғонистон Шуҷоуддин Зиёӣ бо чунин изҳорот дар ҷараёни ифтитоҳи нахустин истгоҳи барқи обӣ суханронӣ кард, ки барои назорат аз захоири банди оби Қарға, воқеъ дар канораҳои Кобул, нигаронида шудааст. Оқои Зиёӣ гуфт, ки аз миёни 174 истгоҳи барқи обӣ, ки дар садади бунёд мебошанд, Қарға нахустин чунин нирӯгоҳест, ки барои ҷамъоварии захоири об, аз ҷумла аз ҳисоби обхезиҳову боронгариҳои зиёд нигаронида шудааст. Тарҳе бо маблағи 6,8 миллион доллар аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG