Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи ҳастаии Мисру Русия


Русияву Миср имрӯз қарордодеро ба имзо расониданд, ки Маскавро иҷозаи ширкат дар озмуни бунёди нахустин нирӯгоҳи ҳастаии мулкӣ медиҳад. Сергей Кириенко, раиси ширкати "Росатом" ва вазири энержии Миср Ҳасан Юнус ин созишномаро дар ҳошияи мулоқоти раисони ҷумҳуриҳои ду кишвар дар Маскав ба имзо расониданд. Масоили энержӣ имрӯз дар меҳвари мулоқотҳои раиси ҷумҳуриҳои Русияву Миср Владимир Путин ва Ҳусни Муборак қарор дошт, ки дар ҷараёни он инчунин раиси ҷумҳурии мунтахаб Дмитрий Медведев иштирок кард.

XS
SM
MD
LG