Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сафина" аз пулис шикоят кард


Хабарнигорони телевизиони давлатии «Сафина» дар Кӯлоб ба унвони раиси вилояти Хатлон ба нишони эътироз нома навиштаанд.

Дар ин нома омадааст, ки 24-уми март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ пас аз сабти чорабинии идии ҷавонони ноҳия ҳангоми ҷамъоварии таҷҳизоти фаннии наворбардорӣ эшон аз ҷониби намояндагони мақомоти интизомии ноҳия таҳқиру зӯроварӣ дидаанд.
Ширинҷон Сафарзода, раҳбари ин гурӯҳи эҷодӣ, намояндагони мақомоти интизомӣ онҳоро ба он хотир таҳқир кардаанд, ки гӯиё эшон манзараи зӯран аз варзишгоҳ берун кардани мардумро наворбардорӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, тибқи барнома, баъди анҷоми маросими ҷашн бояд барномаи варзишӣ шурӯъ мешудааст, аммо аз издиҳоми бузурги мардум масъулин натавонистаанд барномаи варзиширо амалӣ созанд. Дар ин миён барои зӯран хориҷ намудани мардум аз варзишгоҳ мошинҳои обпошӣ истифода шудааст. Ш. Сафарзода мегӯяд.ки наворбардори онҳо ҳаргиз мақсади наворбардории ин манзараро надошт: «Мо ҳатто дастгоҳҳои наворбардориро аз мошинамон берун накардем».
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба тазаккури шоҳидони ҳодиса, аз майдон берун кардани мардум ба хушунат ва ноодилона сурат гирифтааст. «Чанде аз одамон ҳатто ҷароҳат бардоштанд. Ва, аслан, ин амали онҳо аз доираи инсоният берун буд», - мегӯяд нафаре азонҳо, ки аз зикри номи худ худдорӣ кард.
Барои равшан намудани ин масъала мо хостем, ки бо мақомоти марбута суҳбат доир намоем. Вале дар ҳукумати ноҳияи Восеъ танҳо ҳаминро гуфтанд, ки кормандони масъул барои чанд рӯз ба истироҳат рафтаанд.
XS
SM
MD
LG