Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Шекочихинро аз сар таҳқиқ мекунанд


Мақомоти Русия гуфтанд, ки таҳқиқи парвандаи қатли хабарнигор Юрий Шекочихинро, ки соли 2003 кушта шудааст, дубора аз сар мегиранд. Шекочихин, ки мавридҳои фасоди молии ҳукуматдоронро ба ҳайси хабарнигори вижаи "Новая газета" таҳқиқ мекард, баъди як маризии асроромез, ки боиси резиши мӯю бадшавии пӯсти баданаш шудааст, ҷон дод. Муҳаққиқони тиббӣ гуфтанд, ки сабаби марги вай ҳассосият ва ё вокуниши аллергикӣ будааст. Дӯстону наздикони хабарнигор мегӯянд, ки эҳтимолан ӯро заҳролуд кардаанд.
XS
SM
MD
LG