Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксари рустоҳои минтақаи Рашт давоми се шабонарӯзи ахир аз истифодаи нерӯи барқ комилан маҳрум мондаанд.

Ба иттилоъи як корманди шабакаҳои барқдиҳии Рашт, ки худро Аваз муаррифӣ кард, ин тасмим дар пайи коҳиши интиқоли барқ ба минтақа гирифта шудааст. Аммо ин намояндаи шабакаҳои барқдиҳӣ аз чунин коҳиши назарраси интиқоли барқ, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ 12 мегаваттро барои панҷ ноҳияи водии Рашт ташкил медиҳад, изҳори бехабарӣ намуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи як дастури ширкати Барқи Тоҷик аз 5 марти соли равон реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар навоҳии водии Рашт бардошта шуд.

Дар ҳамин ҳол, бебарқӣ ба зиндагии сокинои рустоҳо таъсири манфӣ гузоштааст. Онҳо мегӯянд, бебарқӣ онҳоро дар халои иттилоотӣ гузоштааст. Онҳо мегуянд, ҳатто мобилҳои худро наметавонанд фаъъол бикунанд.

Аммо ба иттилоъи як намояндаи шабакаҳои барқдиҳии Рашт, то чанд рӯзи дигар интиқоли бештари барқ ба рустоҳои минтақа дар назар дошта шудааст.

Лозим ба ёдоварист, соли гузашта аз панҷуми моҳи апрел реҷаи маҳдуди барқ дар минтақа бекор шуда буд.

XS
SM
MD
LG