Пайвандҳои дастрасӣ

– Салом, хонум Гулрухсор. Наврӯзатон муборак бошад!
– Саломат бошед, Наврӯзи шумо низ муборак бошад.
– Сардиҳои зимистони имсол шояд асар гузошт, ки Шумо ба беморхона уфтодед?
– Ду кӯдаки майда дорем, барқро тақсим кардем, ки онҳо хунук нахӯранд, худам хунук хӯрдам. Чаро миллат касал асту модараш касал набошад. Ин чунин маъно дорад, ки ман, чун як одами одӣ касал мешавад, сиҳҳат меёбам ва ҳам мегиряму ҳам механдам – мисли ҳама дигарон. Аммо дар ин, ки ман ба Наврӯз нарафтам, як рамз мебинам.
– Ва он рамзи чист?
– Ҳоло он қадар рамзашро дар худам ҳал накардам, аммо, фирк мекунам, Худо мехоҳад бигӯяд, ки дар ҳамин Наврӯз ҳам бояд як фикру андеша кард. Бас аст боло-боло париданҳо.
– Аз он Наврӯзи гузашта то ин Наврӯз чи гуна сол буд барои Шумо?
– Пеш аз ҳама, як сол бемор нашудам. Як сол қабл низ инҷо бисратӣ будам. Дигар ин, ки чаҳор китобро ба чоп омода кардам: ду манзума бо номи «Озарахш» ва «Мурофиаи баҳор» ва китобҳое бономи «Ҷовидона» ва «Тӯфон дар ғунча».
– Шумо замоне бо шавқу бо шӯр дар посухи ба устод Халилӣ, ки гуфта буд, «Гӯед ба Наврӯз имсол наояд» гуфтед, «Гӯед ба Наврӯз, ки ҳар рӯз биёяд». Аммо дирӯз дар рӯзнома «Мурофиаи баҳор»– и шуморо хондам, ки мегӯед «Баҳор мурд, Баҳор мурд, вале қотили баҳор зиндааст».
– Устод Халилӣ ба унвони пешвои миллат, ҳамроҳи миллаташ рафт ва миллаташро гуреза нагуфт ва гуфт миллати овораи афғон ва гуфт бо онҳое мемирам, ки шеъри маро мехонанд. Бале, ӯ «Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд» гуфта буд. Шоир барои ҳар чиро гуфтан ҳақ дорад.
Ман ҳам гуфтам: «Гӯед ба Наврӯз, ки ҳар рӯз биёяд». Ба он маънӣ гуфтам, ки, медонем, баъди пӯсидани ҳама чиз, баъди зимистон баҳор меояд. Ва шоире ба ин бузургӣ ҳеҷ мумкин нест, ки бигӯяд баҳор наояд. Аммо шоир барои гуфтани ин ҳақ дорад. Ин баёнгари ғояти алами устод Халилӣ буд, ки гуфт «Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд». Аммо ман бовар доштам, ки дар Афғонистон ҳам баҳор меояд, дар Тоҷикистон ҳам. Ва ҳамон Наврӯзе, ки меояд, бояд бо шоиронаш биояд.
Дигар, «Мурофиаи баҳор», ки шумо гуфтед, ин Гулрухсор ба ҳеҷ касе монанд нест. Ман ин мурофаро дар хуну пӯсту нохунам эҳсос кардам. Вақте, ки қонун навишта мешаваду риоя не, вақте қонуншиканӣ не, балки қонун мешиканад дигаронро, чи гуна эҳсос намекунӣ?!
Агар ёд дошта бошед, дар оғози он гуфтам, ки:
Дар инҷо адлро мастур карданд,
Дар ин ҷо ҷаҳлро дастур карданд.
Ҳақиқатро дар инҷо гӯр карданд,
Дар инҷо Рудакиро кӯр карданд...
Мо гӯиё ба Рӯдакӣ чун ба як пирмарде, ки кӯраш карданд, диламон месӯзад. Аммо фикр намекунем, ки Рӯдакиро худамон кӯр кардем. Мо, агар миллати бузург бошем, баъди ҳазор сол қотилони Рӯдакиро бояд ба сари дор биёрем.
Аммо Мансури Ҳаллоҷ, чун фаҳмид, ки мо ба дораш мезанем, худ таги дор рафт. Барои ҳамин ҳам ман гуфтам, ки:
Ман хоб будам, баҳор бедор гузашт,
Мансури ҳақ аз аналҳақу дор гузашт.
Барои ҳамин, рамзе, ки ман имсол дар беморхонааму дар Наврӯз иштирок намекунам ҳамин аст.
– Пас, шумо гӯшанишиниро ихтиёр кардед?
– Ин гӯшанишинӣ нест. Одам, барои он ки дар як пойга иштирок кунад, бояд аз қабл каме бидавад, то омода шавад.
– Ин баҳор шеър гуфтед?
– Бале, гуфтам.
Зи кӯҳи булбулон овоз омад,
Дилам сӯи ту дар парвоз омад.
Ту гӯӣ, Саъдӣ аз зиндони даврон
Ба сӯи гулшани Шероз омад.
– Дар ҳамин беморхона инро тоза гуфтед?
Тозаи тоза, аввалин касе шунидед, шумо ҳастед, ба касе дигар то ҳол нагуфтам. Барои ман бемориву сиҳатӣ вуҷуд надорад. Ман ҳақ надорам, зишт бошам, ҳақ надорам пир бошад. Мумкин дошта бошам, аммо шумо мегӯед, ки надорам.
– Шумо дар ин сардиву сармо бо мардум будед ва азоби мардумро дидед. Ин вазъро чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Ин бар зарари худи ҳукумат шуд. Зеро мардум фаҳмид, ки чи гуна ҳукумате дорад. Аммо ин миллат баъди ҳамин соле, ки гузашт, дигар намемирад.
Дар ин миён чизе, ки барои ман аз ҳама даҳшатнок буд, муносибати депутатҳои мо ба буҳрон буд. Ҳатто худи президент Раҳмон гуфт, рӯзномаҳо навиштанд, ки чанд кӯдак мурд, аммо як депутат ҷояшро хунук накард, садо баланд накард. Як маҷлис ҷамъ накарданд. Хунукӣ як амри табиист, аммо ин дӯстони моро кӣ чунин сангдил кардааст, чаро чунин карданд, намедонам.
– Чи барномае доред баъди Наврӯз?
– Ман барномаам ин аст, ки аз инҷо хориҷ шавам ва ба 16 соат корам дар шабонарӯз идома бидиҳам.
– Паёми наврӯзиатон ба шунавандагони «Озодӣ» чист?
– Шунавандагони «Озодӣ» ба назарам касоне ҳастанад, ки бештар аз Ватан берунанд, бале. Ман ҳам дар берун Наврӯзҳое доштам, ки якшаборӯз гирифта будам. Ва маро бурданд театри Ҷигарханян як соат талош карданд, вале маро хандонида натавонистанд. Баъд як кӯдакро дидам, ки механдад, боз ҳамроҳаш хандидам. Худи Наврӯз ҷашне ҳаст, ки паём дорад, умед дорад, зиндагӣ ваъда мекунад.
Мо ки аз хушбахтӣ камтар баҳра мебарем, ман мехостам ҳамаи онҳое, ки камбуд эҳсос мекунанд, ҷиддӣ аз худо бихоҳанд, Худо ба онҳо хоҳад бахшид. Мегӯянд, агар аз Худо ҷиддӣ бихоҳӣ, Худо бахшанда аст. Агар надонӣ, чӣ мехоҳӣ, ва ҳама чиро бихоҳӣ, Худо низ ҳеч чиз намедиҳад.
Мехоҳам, ки дар ин ватан ҳама худашро соҳиби ҳамин замин эҳсос кунад. Акнун баробари кӯҳҳомон сарамон баланд намешаваду ақаллан дар назди хешу таборамон, дар назди ишқамон сарпаст набошем.
– Саломат бошед!
XS
SM
MD
LG