Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Басра нерӯҳои амниятии Ироқ амалиёти васеъ бар зидди артиши Маҳдӣ ва дигар гурӯҳҳои тундгарои шиамазҳабро оғоз намудаанд.

Майор Карим аз-Зубайдӣ, сухангӯи полиси Басра иброз дошт, ки дар бархӯрдҳои мусаллаҳона ҳадди ақалл 4 кас фавтида, шумори зиёди маҷрӯҳон ба шифохонаҳо интиқол ёфтанд.


То ҳол возеҳ нашудааст, ки чаро амалиёти ҳукуматӣ маҳз дар ҳамин рӯзҳо шурӯъ шудааст. Чанде пеш пайравони Муқтадо ас-Садр оташбаси якҷонибаи дар моҳи август эълон намудаашонро боз барои ним соли дигар тамдид карда буданд. Ба гуфти шореҳон, моҳҳои ахир Басра нооором буд, зеро гурӯҳҳои мухталифи мусулмонони шиа аз як сӯ ва аз ҷониби дигар гурӯҳҳои муташаккилонаи ҷиноӣ барои нуфуз дар ин шаҳри ҷанубӣ ҷадал доштанд.

Сухангӯи нерӯҳои Британия изҳор намуд, ки сарбозони ин кишвар аз пойгоҳашон воқеъ дар канори Басра берун нашудаанд ва дар задухӯрдҳо иштирок намекунанд. Моҳи декабр сарбозони британиявӣ аз Басра ба пойгоҳи канори ин шаҳр интиқол ёфта, кафолати амнияти ин шаҳрро ба ӯҳдаи нерӯҳои амниятии Ироқ вогузор карданд. Майори британиявӣ Том Ҳоллоуэй афзуд, ки барои назорати амалиёти низомӣ сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ба Басра омадааст.

Моликӣ баъди сайри Басра изҳор намуд, ки гурӯҳҳои силоҳбадаст барои қочоқи нафт ва маводи мухаддир ба ҳам рақобат намуда, оромии минтақаро барҳам задаанд. Моликӣ ваъда дод, ки ҳукумати Ироқ Басраро аз гурӯҳҳои силоҳбадаст поккорӣ мекунад.

Сухангӯи Садр ва артиши Маҳдӣ Ҳорис ал-Асарӣ бо таассуф аз бархӯрдҳо таъкид кард, ки пайравони Садр ба музокирот омодаанд. Рӯзи 25 март ба нишони пуштибонӣ аз Садр пайравонаш дар Бағдод раҳпймоӣ намуданд.

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс аз нақли як мансабдори амрикоӣ овардааст, ки амалиёти Басра на бар зидди пайравони Садр, балки гурӯҳҳои ифротгарои ҷонибдори Эрон аст. Генерал Дейвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ гуфт, шаҳодате дастрас шудааст, ки Эрон дар бомбгузориҳои минтақаи сабзи Бағдод дар таърихи 23 март нақш бозидааст. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Петреус иброз дошт, ки ба фикри ӯ, Эрон ошӯбгарони масъули ҳамла ба минтақаи сабзи Бағдодро тамрин дода, бо силоҳ таъмин кардааст. Вале Петреус ҳеҷ шаҳодате барои тасдиқи ин айбнома пешниҳод накард.

XS
SM
MD
LG