Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натоиҷи нишасти ВХ-и форсизабонҳо


Таъсиси шабакаи муштараки телевизонӣ ва таҷлили бошукӯҳи 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - бунёдгузори шеъри порсӣ дар ҳарсеи кишвари форсизабони Эрон,Тоҷикистон ва Афғонистон дар соли равон дар санади ёддошти тафоҳум, ки аз суи вузарои хориҷии ин кишварҳо дар Душанбе ба имзо расид, таъкид шудааст.

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон минҳайси мизбони нишасти вузарои хориҷаи се кишвари форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон тавофуқоти ҳосилшуда ҷиҳати бунёди роҳи оҳан ва мошингард, эҳдоси хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, истифодаи муассир аз манобеъи энержиро аз дастовардҳои иҷлоси Душанбе унвон кард.

Оқои Зарифӣ гуфт, тарафҳо ба чунин натиҷа расидаанд, ки қароргоҳ ва ё маркази телевизони муштараки се кишвари форсизабон дар Душанбе ташкил хоҳад шуд.

Рангин Додфар Спанто, вазири умури хориҷаи Афғонистон гуфт, роҳбарони имрӯзаи Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон гомҳои бисёр мушаххасеро ҷиҳати тақвияти пайванди ин се кишвар мебардоранд ва ҳоло, ки роҳи оҳан то сарҳади Ҳирот аз сӯи давлати Эрон оварда шудааст, Афғонистон тасмим дорад, онро то марзи Тоҷикистон идома бидиҳад.


Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, тақвияти ҳамкории ин се кишвар барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва идомаи муносибот дар доираи созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ низ боаҳамият аст ва ҷиҳати анҷоми тарҳҳои сохтмони роҳи оҳан ва хутути баландшиддати барқ ва ҳамин тавр, истифода аз манобеи энержӣ аз сармояи хориҷӣ ҳам истифода мешавад.Дар иҷлоси вазирони хориҷа мавзӯи нишасти сарони ин се кишвари форсизабон низ мушаххас шудааст. Аммо таърихи баргузории ин нишаст, ки интизор мерафт, дар арафаи ҳамоиши сарони кишварҳои узви созмони Шонҳой дар Душанбе дар моҳи август сурат бигирад, мушаххас нашудааст.

Бар хилофи тавофуқи қаблӣ, дар ин нишаст Шӯрои иқтисодии кишварҳои форсизабон низ ташкил наёфт. Ва нишаст бо эъломи омодагӣ ҷиҳати Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ ва он ҳам дар сатҳи муовинони вузарои хориҷӣ иктифо кард. Дар рӯзномаи нишаст эҳтимоли ширкати президенти Тоҷикистон дар маросими ҷамъбасти иҷлоси вузарои хориҷӣ дар Душанбе таъкид шуда буд, вале раисҷумҳур дар ин маросим ширкат накард.

Ҳамчунин замони оғози фаъолияти телевизони муштараки се кишвари форсизабон низ то мулоқоти руасои ҷамоҳири ин кишварҳо номуайян боқӣ мемонад. Аммо, қарор шуд, нишасти навбатии вузарои хориҷии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар Наврӯзи соли оянда дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баргузор шавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG