Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус: "Шабакаи ҷосусӣ кашф шуд"


Хадамоти иктишофии Беларус гузоришҳои телевизиони давлатиро таъйид кард, ки фаъолияти як ҳалқаи ҷосусиро, ки дар қаламрави ин кишвар ба манфиати ИМА амал мекард, ошкор кардааст. Гузориш ҳокӣ аз он аст, ки ба ин ҳалқаи ҷосусӣ 10 шаҳрванди Беларус шомил буданд. Сафорати ИМА дафъатан чунин иттиҳомотро рад кард. Дар рӯзҳои охир дар равобити Вашингтону Минск таниши бештар мушоҳида мешавад. Рӯзи душанбе сафорати Амрико дар Беларус бо дархости вазорати хориҷаи ин кишвар ҳайати кормандонашро ду баробар кам кард. Чунин иқдом баъди он сурат гирифт, ки мақомоти Беларус аз сафири ИМА хостанд, ки моҳи ҷорӣ кишварро тарк кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG