Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари мақомоти амрикойӣ ба Покистон


Имрӯз ду мақоми баландпояи амрикойӣ барои гуфтугӯ бо мақомоти Покистон вориди Исломобод шуданд. Сафари мувоини вазири хориҷаи Амрико Ҷон Негропонте ва ёвари вазир дар умури Осиёи Ҷанубӣ Ричард Баучер дар шароите сурат мегирад, ки нахуствазири ҳукумати нави эътилофии Покистон тоза ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад. Ҳукумати нави ин кишвар аз мухолифини раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф ташкил шудааст, ки шарики ИМА дар амалиёти зиддитеррор шинохта мешавад.

XS
SM
MD
LG